МИХАИЛ КАЛАНТАРОВ БЕШАРМОНА ДУРЎҒ МЕНАВИСАД!
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). Дар сайти «Цетр Азия» рўзи 26 марти соли 2009 пайдо шудани мақолаи пур аз ғараз ва иғвогаронаи «Бюджет разрушенных надежд. Таджикские трудовые мигранты не хотят возвращаться на родину», ки аз сайти Tajmigrant.com гирифта шудааст боиси қаҳру ғазаби ман шуд. Аввалан, оддитарин хонандаи ин мақола мефаҳмад, ки мақсад аз он иғво ангехтан ва кўшиши заифонаи паст задани кишвару миллати мост. Фактҳои сар то ба по дурўғи мақола ва таҳлилҳои сар-сарӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки муаллиф аз шароити имрўзаи зисту зиндагии мардуми мо огоҳ нест. Зиёда аз ин, аз ҳама дурўғи маҳзи муаллиф он аст, ки гўё бо ман ҳамсўҳбат гаштааст ва ҳатто ба ман истинод меорад. Гўё сари «як сўҳбати дўстонаи бегалстук» ман ба ў гуфта бошам, ки «ограниченные посевные площади не позволяют республике получать достаточно продукции для удовлетворения собственных нужд и основные составляющие потребительской корзины приходится докупать из-за рубежа…» ва ғайраву ва ҳоказо. Дар асл бошад, ман Худоро шукр мекунам, ки бо чунин ному насаб дўсте надорам ва бо ягон Михаил Калонтаров ҳамсўҳбат ҳам нашудаам. Агар Михаил Калонтаров шахси воқеӣ бошад ва дар кишвари мо ягон робитае дошта бошад, ман гумон мекунам, ки баромадҳои вақтҳои охири ман тавассути матбуот боис гардида, ки нависад гўё бо ман ҳамсўҳбат шудааст. Аслан, ў бо як тир ду нишон задан мехост: ҳам мехост низоми ҷомеаи моро нодуруст ташреҳ диҳад ва ҳам ҳадаф дошт маро дар назди роҳбарияти кишвар сиёҳ намояд. Вале тираш хато хурд — аз вазъи ҷомеаи имрўзаи мо, сохтмонҳои азим, рўз то рўз беҳ шудани сатҳи зиндагӣ мардум кайҳо эҳсос намудаанд, ки кишвари мо дар кадом поя қарор дорад, инчунин ҳар касе боре бо ман ҳамсўҳбат гашта ё маводе аз ман мутолиа намудааст, аниқ мефаҳмад, ки ман ифтихор дорам ва мефахрам, ки чунин Ватан ва чунин Президент дорам. Хулласи калом, беҳарос аз сагҷакиҳо корвони саодати кишвари мо пеш меравад ва бо сиёҳ гуфтан ҷурғот сиёҳ намешавад. Бигузор Михаил Калонтаров ва ў монандҳо огоҳ бошанд, ки бо ин услуб дигар касеро фирефта карда наметавонанд. Нозир ЁДГОРӢ, сардори Умури матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик»








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






