«МОСКОВСКАЯ ПРАВДА» ДАР БОРАИ КОРУ ЗИНДАГИИ МУҲОҶИРИН НАҚЛ МЕКУНАД
Маскав, 28 март (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Сармуҳаррири яке аз нашрияҳои маъруфи пойтахти Русия «Московская правда» Шод Муллоҷонов зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки нашрияи мазкур қарор додааст, минбаъд дар бораи кору зиндагии намояндагони миллатҳои гуногун дар Федератсияи Русия хабару мақолаҳо чоп кунад. Қайд карда шуд, ки имрӯз дар Маскав ба масъалаҳои миллӣ ва муносибати байни миллатҳо аҳамияти калон дода мешавад. Нашрияҳои миллӣ дар бобати ҳалли проблемаҳои коргарони муҳоҷир саҳми калон гузошта метавонанд, гуфт Ш.Муллоҷонов. Нашрияи «Московская правда» бо вуҷуди бӯҳрони молиявӣ ният дорад, проблемаҳои миллиро ҳамаҷониба мавриди таҳқиқ қарор диҳад. Ба ақидаи Ш.Муллоҷонов, бо ин мақсад мутахассисон, хабарнигорон, хонандагон ва намояндагони ҷамъиятҳои гуногуни миллӣ истифода бурда мешаванд. Ба инобат гирифтани фикру ақидаи онҳо барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда аҳамияти калон дорад, гуфт сармуҳаррири нашрия. Раиси Кумитаи равобити байниминтақавӣ ва сиёсати миллии ҳукумати Маскав М. Соломенцев зикр кард, ки маҳз журналистон бояд проблемаҳои ҷамъиятҳои миллиро ба таваҷҷӯҳи ҳукуматдорон расонанд. Айни ҳол мақомоти ҳукумат аз проблемаҳои зиндагию кори коргарони муҳоҷир пурра огоҳ нестанд, гуфт вай. Ш.Муллоҷонов афзуд, ки тибқи нақша бо намояндагони ҷамъиятҳои миллӣ мулоқоту сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, чунин мулоқот моҳи апрел бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои миллии тоҷикон ба нақша гирифта шудааст. Раиси «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» А.Давлатов ташаббуси нашрияи «Московская правда» — ро маъқул дониста, зикр намуд, ки он обрӯю эътибори ҷамъиятҳои миллиро баланд бардошта, барои ҳалли проблемаҳои онҳо кӯмаки калон хоҳад расонд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






