МУҲОКИМАИ ҚОНУНИ НАВ ДАР СОҲАИ МУҲОҶИРАТ
Душанбе, 10 март (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 11 март дар Душанбе мулоқоти кории намояндагони Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия ва кормандони Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар он проблемаҳои бо кор таъмин намудани коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия муҳокима карда мешаванд. Ба ҳайати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия муовини аввали директори Хадамоти федералии муҳоҷирати ин мамлакат Анатолий Кузнецов роҳбарӣ мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни мулоқот қонуни нави Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷират ва кодекси нави ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар ин мамлакат муҳокима хоҳанд кард.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






