МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОН ДАР СААД

Март 4, 2009 09:21

                         Маскав, 4 март (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Коршиносони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар котиьоти созмон масъалаҳои расондани кӯмакро ба Давлати Исломии Афғонистон, муқаррар намудани роҳу усулҳои бастани роҳҳои таъминоти молиявии терроризм ва қочоқи маводи нашъадорро аз ин мамлакат ҳамроҳи созмонҳои дигари байналхалқию минтақавӣ муҳокима карданд. Қайд карда шуд, ки вазъияти Афғонистон мисли пештара муташанниҷ мебошад, фаъолияти ҷунбиши «Толибон» дар ин мамлакат торафт авҷ мегирад, ҳаҷми истеҳсоли маводи нашъадор сол то сол меафзояд.                          Иштирокчиёни машварат дар асоси ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи СММ, созишномаҳои дигари байналхалқӣ ва ҳуҷҷатҳои дар СААД қабулгардида, тадбирҳои қатъ намудани таъминоти молиявии террористон ва пешгирии паҳн гардидани маводи нашъадорро аз ин мамлакат мавриди баррасӣ қарор доданд.                                                                                                                                                      Тарҷумон — Қудратов А.

Март 4, 2009 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид