МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ЧИН
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ҶТ мулоқоти мутахассисони вазорат бо намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ муҳокима гардид. Ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои савдо ва иқтисод, мубодилаи «Варақаи иҷозатӣ» барои соли 2009, оид ба даровардани тағироту иловаҳо ба барномаи лоиҳаи регламенти Созишномаи байналхалқии ҳамлу нақли байналхалқӣ дар ду кишвар табодули назар карданд. Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаҳои имкони ҳамроҳ гардидани Чин ба хатсайри ҳамлу нақли транзитии байни ҷумҳуриҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, танзими кор дар гузаргоҳи сарҳадии Қулма — Қаросу мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Оид ба масъалаҳои муҳокимагардида аз тарафи ҷонибҳо андешаҳои судманд пешниҳод шуда, ҳарду тараф ба хулоса омаданд, ки мулоқоти навбатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардад. Дар анҷоми ҷаласа муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёров ва муовини сардори Идораи ҳамлу нақли Ҷумҳурии Мухтори Синзеяни Уйғури Чин Жен Сзун Син протоколи мулоқотро ба имзо расониданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






