МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО А. БОБОҶОН
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ зимни сафари кории худ ба Маскав бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Алӣ Бобоҷон мулоқот кард. Мусоҳибон масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба ва натиҷаҳои дар амал татбиқ намудани паймонҳои зимни сафари Алӣ Бобоҷон ба Тоҷикистон соли 2008 ба даст омадаро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни сӯҳбат, инчунин, масъалаи сафари ояндаи расмии президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон ва омодагӣ ба мулоқоти Созмони конфронси исломӣ дар соли 2010 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамрохон Зарифӣ, инчунин, бо Муншии умумии Созмони конфронси исломӣ Э.Эҳсонӯғлӣ мулоқот анҷом дод. Зимни ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СКИ ва нақшаҳои ояндаи он муҳокима шуданд.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






