МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ВАКОЛАТДОРИ ОЛМОН

Март 31, 2009 09:36

                   Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафари корӣ ба Маскав 27 март бо намояндаи махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Федероли Олмон дар масъалаҳои Афғонистон ва Покистон Бернд Мютселбург мулоқот кард. Ҳ.Зарифӣ ба ҳамсӯҳбаташ барои баҳои мусбати ӯ ба фаъолияти Тоҷикистон дар ҳифзи сарҳадҳо изҳори сипос намуд. Бояд гуфт, ки намояндаи Олмон зимни суханрониаш дар конфронси махсуси бахшида ба Афғонистон ба таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳифзи сарҳад баҳои баланд дод.                   Намояндаи махсуси ҶФО ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Олмон ва муносибатҳои дӯстонаи деринаи ҳар ду ҷонибро зикр намуд. Вай изҳор дошт, ки мамлакаташ тайёр аст, ташаббусҳои Тоҷикистонро барои барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон дастгирӣ намояд. Ҳ.Зарифӣ зикр кард, ки ҳифзи сарҳади Тоҷикистон вақтҳои охир хеле беҳтар гардидааст ва дар ин бора солҳои охир рух надодани ҳамлаҳои террористӣ дар минтақаи сарҳад шаҳодат медиҳад. Проблемаи ягонаи имрӯза қочоқи маводи нашъадор ба воситаи сарҳад мебошад, гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон. Вай ба мусоҳибаш дар бораи барномаҳои минтақавии Тоҷикистон оиди Афғонистон маълумоти муфассал дод. Нақшаҳои сохтмони роҳу кӯпрукҳо, роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли барқ аз ҳамин ҷумлаанд.Ҳ.Зарифӣ ба намояндаи Олмон барои ташхиси мустақилонаю воқеъбинонаи нақшаҳои сохтмони иншоотҳои гидроэнергетики Тоҷикистон изҳори сипос намуд.  

Март 31, 2009 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд