МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ПОКИСТОН
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафари корӣ ба Маскав бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ш.Қурайшӣ мулоқот кард. Мусоҳибон роҷеъ ба натиҷаҳои Конфронси махсуси бахшида ба Афғонистон табодули назар карданд, ки таҳти васояти СҲШ баргузор гардид. Онҳо зикр намуданд, ки мамлакатҳояшон ба ҳар чӣ зудтар барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон манфиатдор мебошанд. Ш.Қурайшӣ зикр намуд, ки вазъияти ноороми Афғонистон ба мамлакаташ бевосита таъсир мерасонад. Дар натиҷа дар Покистон зуҳуроти манфии терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккилона ба назар мерасад.Вай зимни сӯҳбат масъалаи тартиби додани раводидро ба миён гузошта, ба тарафдории осонтар сохтани гирифтани он ақида изҳор намуд. Ҳ. Зарифӣ ҳамсӯҳбаташро дилпур сохт, ки дар Тоҷикистон барои ҳалли ин масъала тадбирҳо андешида мешаванд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Покистонро даъват намуд, ки дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқии мамлакат саҳм гузорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






