МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Ҳ. КАРЗАЙ

Март 11, 2009 10:42

                    Дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот кард, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамгироиҳои минтақавии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.                    Аз муколамаи созанда ва мунтазами сатҳи олӣ, мулоқоту сӯҳбатҳои даврӣ ва эътимоди байниҳамдигарӣ изҳори қадрдонӣ карда шуд.                    Таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои рушдёбандаи миёни сохторҳои амниятӣ, дифоӣ, сарҳадбонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, ки аллакай натиҷаҳои намоён доранд, амри зарурӣ шумурда шуд.                   Робитаҳои мунтазами роҳбарияти вазоратҳои дифоъ ва корҳои дохилии ду кишвар ва ҳар чӣ зудтар ба имзо расондани қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ муфид арзёбӣ гардид.                   4 баробар афзудани ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2008 нисбат ба соли пешин зикр шуд ва таъкид гардид, ки нақши шоҳпули «Дӯстӣ» дар мавзеи Панҷи поён дар ин раванд муҳим аст.                  Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай оид ба нақшаҳои сохтмони пули нави мошингузар дар мавзеи Кокул болои дарёи Панҷ, роҳҳои мошингарди Кобул — Панҷшер — Ишкошим ва Қундуз — Мазори Шариф — Ҳирот, роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон ва пайванди ба он бо Қирғизистону Чин, хатҳои интиқоли нерӯи баландшиддати барқи Тоҷикистон — Пули Хумрӣ, Роғун — Кобул — Исломобод, Роғун — Мазори Шариф — Ҳирот — Машҳад, Хатлон — Толиқон — Файзобод, бунёди нерӯгоҳи обии Даштиҷум ва дигар тадбирҳо гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.                    Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот низ дорои дурнамои умедбахш маънидод гардид.  

Март 11, 2009 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид