МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО О. ЗАРДОРИ

Март 12, 2009 16:26

                     Дар доираи баргузории Мулоқоти Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот кард, ки зимни он такони нав додани муносибатҳои ду давлат зарур шумурда шуд.                     Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб бояд аз имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ ба хубӣ истифода баранд, аз ҷумла баҳри бунёди нерӯгоҳҳои обӣ ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ миёни ду кишвар.                     Ифтитоҳи роҳу пулҳои нав миёни Тоҷикистону Афғонистон бо пайвандӣ ба Покистон ва кушода шудани минтақаҳои озоди иқтисодии Панҷ ва Ишкошими Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷӯҳ барои густариши робитаҳои иқтисодӣ қарор гирифт.                     Эҳё намудани робитаи мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъданҳо, фарҳанг ва туризм зарур шумурда шуд.                      Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷоннок гаштани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба Тоҷикистон метавонанд таконбахши муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст гарданд.                     Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин атрофи авзои сиёсию иҷтимоии Афғонистону Покистон ва муборизаи муштарак бо хатари терроризму экстремизм сурат гирифт.                      Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Теҳрон иттилоъ дод.

Март 12, 2009 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд