МУЛОҚОТИ КОТИБОНИ ШӮРОҲОИ АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
Хуҷанд, 5 март (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти котибони Шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Саиди Ёқубзод, директори Агентии заминсозӣ, геодезия ва харитасозии назди Ҳукумати мамлакат Маҳмадтоҳир Зокиров ва дигарон ширкат варзиданд. Ба ҳайати Қирғизистон дар мулоқот котиби Шӯрои амнияти ин мамлакат Одохон Мадумаров роҳбарӣ кард. Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Саиди Ёқубзод қабл аз оғози мулоқот зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи истифодаи об барои обёрии зироат ягон проблема вуҷуд надорад. Масъалаи асосии гуфтушунид муҳокимаи ҷараёни иҷрои созишнома мебошад, ки онро сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев 16 майи соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд имзо карда буданд. Мудири шӯъбаи масъалаҳои мудофиа ва тартиботи қонуни маъмурияти вилояти Боткент Бахтибек Соғинбеков зикр намуд, ки дар ҷараёни гуфтушунид проблемаҳои истифодаи об, истифодаи муштараки чарогоҳҳо ва сохтмони баъзе корхонаю муассисаҳо дар минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ баррасӣ карда мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






