МУЛОҚОТИ МАҶЛИСИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ ДАР ОСТОНА
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 22 май дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар ин бора дар маҷлиси навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои Иттиҳод хабар дода шуд, ки 20 март дар Минск баргузор гардид. Ба муҳокимаи маҷлиси сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои ИДМ 20 масъала пешниҳод карда шудааст. Онҳо, аз ҷумла, нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани даври аввали Барномаи стратегии рушди иқтисодии ИДМ — ро то соли 2020, тағйироту иловаҳоро ба барномаи стратегии ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот ва Нақшаи тадбирҳоро барои амалӣ сохтани он то соли 2010 муҳокима хоҳанд кард. Инчунин, ба муҳокимаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳо Нақшаи тадбирҳои муштараки таъсиси низоми воҳиди ба ҳисоб гирифтани шаҳрвандони давлатҳои дигар ва шаҳрвандони бетабаият, ки ба қаламрави мамлакатҳои ИДМ дохил мешаванд ва масъалаҳои дигари марбут ба соҳаҳои иҷтимоӣ, молиявӣ ва амният муҳокима карда хоҳанд шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






