МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТ БО КОРМАНДОНИ БА ВАЗИФАҲОИ МАСЪУЛ ТАЪИНГАРДИДА

Март 6, 2009 10:04

               Душанбе, 6 март (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии дирӯз бо гурӯҳи кормандоне мулоқот кард, ки ба вазифаҳои масъул дар мақомоти суду прокуратура ва корҳои дохилӣ таъин гардидаанд. Эмомалӣ Раҳмон талаб намуд, ки онҳо пеш аз ҳама дар иҷрои вазифа барои дигарон намуна буда, барои таъмини волоияти қонун саҳми арзанда гузоранд. Сардори давлат таъкид намуд, ки кормандони ба тозагӣ таъиншуда вазифаи худро софдилона иҷро карда, ба муқобили ришвахӯрону ҷинояткорон ва қочоқчиёни маводи нашъадор самарабахш мубориза баранд.                 Президенти ҷумҳурӣ дастур дод, ки назорати иҷрои қонун «Дар бораи танзими анъанаҳо ва расму оинҳои миллӣ» дар саросари мамлакат пурзӯр карда шавад. Зикр шуд, ки қонуни мазкур, дар шароити душвори имрӯза манфиатҳои моддии аҳолиро ҳимоя менамояд.

Март 6, 2009 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад