МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАО
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бахшида ба иди касбии рӯзноманигорони тоҷик — Рӯзи матбуоти тоҷик чорабиниҳои гунон доир мегарданд. Бо ин мақсад, 9 март раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо собиқадорони матбуот, кормандони нашриёту матбааҳо ва намоянадгони расонаҳои хабарии хориҷию дохилии вилоят мулоқот намуд. Нахуст Қоҳир Расулзода кормандони воситаҳои ахбори оммаро бо иди касбиашон табрик намуда, изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир мардум дар симои рӯзноманигор мададгор ва пуштупаноҳи худро мебинанд. Аз ин рӯ, бештари маврид мардум тариқи расонаҳои хабарӣ барои ислоҳи хатову камбудиҳо ба масъулин муроҷиат мекунанд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар фарҷоми ҷамъомад раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иддае аз собиқадорони матбуот ва кормандони расонаҳои хабарии давлативу мустақилро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонид. Тантанаҳо бахшида ба иди касбии рӯзноманигорон то 11 март идома карда, дар назар аст, ки имрӯз, озмуни вилоятии рӯзноманигори ҷавон «Хомаи заррин» ҷамъбаст карда шавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






