МУЛОҚОТИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕКИН БО ДОНИШҶӮЁНИ ЧИНӢ
Душанбе, 4 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов 3 март бо донишҷӯёни Донишкадаи фарҳангу ҳунари аққалиятҳои миллии Пекин мулоқот кард. Дар байни донишҷӯён намояндагони тоҷикони сокини Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур низ буданд. Тавре ки маълум аст, дар ин ноҳия қариб 35 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунад. Сафир зикр намуд, ки ду моҳ пеш 17 солагии муқаррар гардидани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин таҷлил карда шуд. Ҳамкории ҳар ду кишвар солҳои охир босуръат густариш меёбад. Р.Олимов афзуд, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Чин чандин маротиба афзуд. Маблағи он дар соли 2008 ба як миллиарду 250 миллион доллари ИМА расид. Айни ҳол дар Тоҷикистон молҳои теъдоди зиёди корхонаю ширкатҳои Чин фурӯхта мешаванд. Ҳар ду кишвар дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, сохтмон, энергетика, алоқаи телефонӣ, кишоварзӣ ва саноати бофандагӣ бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ дар Тоҷикистон роҳҳои нави мошингард, кӯпрукҳо, туннелҳо ва хатҳои интиқоли барқ сохта мешаванд, гуфт сафир. Тарҷумон — Қудратов А.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






