МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБА ДАР ТЕҲРОН

Март 11, 2009 11:23

                    Шоми рӯзи 10-уми март дар шаҳри Теҳрон мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт.                     Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи се давлати дӯсту ҳамфарҳанг ва ҳамгироиҳои минтақавию байналмилалии онҳо баррасӣ шуд.                      Зимни муҳокимарониҳо таъкид гардид, ки се кишвари мазкур метавонанд дар ҳаллу фасли бисёр масоили мубрами минтақавӣ нақши намоён дошта бошанд, аз ҷумла дар ҳалли мушкилоти бисёрсолаи Афғонистон.Нақшаҳои сохтмони пулҳои нави мошингузар дар болои дарёи Панҷ, роҳҳои оҳану мошингарди пайвандкунандаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, пайванди ин роҳҳо бо шабакаҳои нақлиётии Қирғизистону Қазоқистон ва Чин, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обию ҳароратӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи баландшиддати барқи Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон дорои аҳамияти бузург барои таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ маънидод гардид.                      Сарони се давлат — Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай омодагии худро баҳри пуштибонӣ аз татбиқи амалии ин лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ таъкид намуданд.                      Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки баҳри назорати доимӣ ва татбиқи босамари тавофуқоти миёни се давлат бадастомада як кумитаи муштарак дар сатҳи муовинони роҳбарони вазоратҳои марбута ва як ниҳоди муштараки сармоягузорӣ таъсис дода шавад.                       Масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои сеҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ва ҳамгироиҳои мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се кишвар дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.                      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе дар моҳи март ё апрели соли равон мулоқоти роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се кишвар ба роҳ монда шавад.                     Ҳамчунин мулоқотҳои мунтазами роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии се давлат матлуб шумурда шуд.                     Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот, аз ҷумла доир ба ифтитоҳи телевизиони муштаркаи се кишвари ҳамфарҳанг сурат гирифт.                    Баъди анҷоми мулоқоти сеҷониба Сарони се давлат — Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай як эъломияи муштарак ба имзо расонданд, ки дар он ҳамаи тадбирҳои зикршуда ва дигар ҳамгироиҳои минтақавию ҷаҳонӣ инъикос ёфтаанд.  

Март 11, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид