МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ МОЛИЯИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР МАСКАВ
Душанбе, 27 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 31 март дар Маскав машварати вазирони молияи давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои марбут ба вазъи иҷтимоию иқтисодии давлатҳои Иттиҳод ва тадбирҳои бартараф сохтани оқибатҳои ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ муҳокима карда мешаванд. Вазирон мавқеи мамлакатҳояшонро дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои «Гурӯҳи бистгона» муайян хоҳанд кард, ки 2 апрел дар Лондон баргузор мегардад. Инчунин, бо супориши Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои Иттиҳод барои бартараф сохтани оқибатҳои ногувори бӯҳрони молиявӣ пешниҳодҳо тайёр карда шуданд. Ин пешниҳодҳоро моҳи декабри соли 2008 Кумитаи байнидавлатии асъор ва баъд Шӯрои иқтисодии ИДМ мавриди муҳокима қарор дода буданд. Дар мулоқот пешниҳодҳои бамиёнгузошташуда, аз ҷумла, дастгирии системаи бонкию молиявӣ, додани кафолати ҳифзи маблағҳои дар бонкҳо гузоштаи шаҳрвандон, истифодаи пулҳои миллӣ дар ҷараёни тиҷорати мутақобала, расондани кӯмаки молиявӣ ба корхонаҳои калон, дастгирии соҳаҳои асоситарини иқтисодиёт ва пешгирии бекор мондани қисми зиёди аҳолӣ баррасӣ карда мешаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






