МУЛОҚОТИ ВКД БО НАМОЯНДАГОНИ ХАДАМОТИ ФЕДЕРАЛИИ МУҲОҶИРАТИ РУСИЯ
Душанбе, 13 март (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров имрӯз бо намояндагони Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷират А.Кузнецов ва сардори раёсати равобити берунии хадамоти мазкур С.Степанов мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Аз дафтари матбуоти ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷараёни мулоқот силсилаи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ карда шуд. Анатолий Кузнецов зикр намуд, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити имрӯза аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Мусоҳибон нақшаҳои ояндаи ҳамкориро дар бобати муташаккилона фиристодани коргарони муҳоҷир ба Русия ва сари вақт гирифтани маълумот дар бораи тағйироту иловаҳои ба қонунҳои дахлдори Русия воридгардидаро муҳокима намуданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






