МУСОДИРАИ СИЛОҲИ ОТАШФИШОН ДАР ХАТЛОН

Март 28, 2009 10:56

                        Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-уми декабри соли 1994 «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон силсилаи чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯиро амали намуда, дар худуди ҷамоати Ваҳдати шаҳри Сарбанд як пинҳонгоҳи яроқу аслиҳаро ошкор сохтанд.                       Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар натиҷаи азназаргузаронии ин махфигоҳ 2 автомати Калашников, 6 таппонча, 11 адад яроқи шикорӣ, 2 гранатомёт, 6 норинҷак, 7 адад асбоби тарканда, зиёда аз як ҳазору 500 дона тирҳои қутрашон гуногун, 23 қуттӣ бо 800 противогаз ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.                     Дар ин самт алҳол чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Март 28, 2009 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад