НАҚШАҲО БАРЗИЁД ИҶРО ШУДАНД
Истаравшан, 19 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Саноат яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳри Истаравшан ба ҳисоб меравад. Корхонаҳои саноатии шаҳр бо вуҷуди мушкилоти зиёди фасли зимистон, аз ҷумла нарасидани қувваи барқ нақшаи 2 моҳи аввали солро оид ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ барзиёд иҷро карданд. Корхонаҳои ҶММ «Ҳадид», КМ «Оби Зулол». ҶС «Маркази Технологӣ», ҶС «Сафеда», заводи хиштбарорӣ, ҶС «Суруш» аз ҳамин қабил буда, нақшаи истеҳсолиро дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта аз 126 то 327 % иҷро кардаанд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ дар ин давра 192,2 % — ро ташкил кард, — гуфт муовини аввали раиси шаҳр Ф. Султонов. Дар ин муддат ба маблағи 7 630 324 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 659 364 сомонӣ зиёд аст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






