НАҚШАИ СЕМОҲА ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ ИҶРО ШУД

Март 30, 2009 11:09

                Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар корхонаи мошинсозии «Тоҷиктекстилмаш» ба истеҳсоли асбобҳои барқдиҳии ГЭС- ҳои хурди то 35 кВт қувваи барқ тавлидкунанда оғоз карда шудааст. Нархи чархҳо бе генератор 14-15 ҳазор сомонӣ мебошад, ки барои як маҳалла, деҳа ва ё шаҳрак аз аҳамият холӣ нест. Корхона бо дархости сокинони ноҳияҳои Варзоб, Рашт ва Ҳисор чунин чархҳоро истеҳсол ва ба ин ноҳияҳо интиқол дод.                Коршиносон ва муҳандисони корхона истеҳсоли 63 кВт-таи чунин чархҳоро барои ГЭС- ҳои хурд ба нақша гирифтаанд.                Аз рӯи истеҳсоли маҳсулот корхона аллакай нақшаи семоҳаашро пурраю барзиёд иҷро карда, барои семоҳаи дуюм маҳсулот истеҳсол мекунад.

Март 30, 2009 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад