НАҚШИ ОМӮЗГОР

Март 16, 2009 10:23

                Fончӣ, 16 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Назрулло). — Бо ташаббуси шӯъбаи маорифи ноҳияи Ғончӣ дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 51-и деҳаи Ғазантарак дар мавзӯи «Нақши муаллим дар фаъолгардонии мустақилияти хонанда ва худидоракунии талабагӣ» семинари директорони мактабҳои ноҳия доир гардид.                 Дар доираи ин семинар иштирокдорони он ба мактаб ва музейи таърихию кишваршиносии ноҳия шинос гардида, ба як қатор дарсҳои таълимию тарбиявии синфҳои аз 3 то 11-и мактаби №51 иштирок карданд. Сипас, бо чораҷӯйиҳои беруназсинфии мактаб, аз қабили машварати аъзоёни Шӯрои талабагӣ, викторинаи геохимиявии  «Асрори азалро на ту дониву на ман» ва клуби ҳозирҷавобон бо номи «Мӯъҷизаҳои табиат» баргузор гардид.               Инчунин, озмунҳои «Кани духтарон», «Тоҷи заррин» хеле дилчаспу хотирмон доир гардида, маҳфили «Мо забони англисӣ меомӯзем», ки бо роҳбарии омӯзгор М.Чӯраева созмон ёфт, мақбули иштирокдорони семинар гашт.

Март 16, 2009 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид