НАМОЯНДАГИИ МУТОЛИОТ ВА ПАЖӮҲИШ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ РОҲАНДОЗӢ МЕГАРДАД

Март 27, 2009 17:00

                    Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар бахши мероси фарҳангӣ зимни мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини раиси Созмони мероси фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамиди Бақоӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар Душанбе баррасӣ гардиданд.                     Ҳамиди Бақоӣ эҳёи дубораи шоҳроҳи бузурги абрешимро заминаи густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва туристӣ байни ду кишвар арзёбӣ кард. Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои табодули донишҷӯёни риштаи омӯзиши мероси фарҳангиро яке аз самтҳои минбаъда ва афзалиятноки ҳамкорӣ маънидод карданд.Ҷонибҳо ҳамзамон роҳандозии дафтари мутолиот ва пажӯҳиш дар бораи Осиёи Марказӣ бо мувофиқати Тоҷикистон ва Эронро пешниҳод ва баррасӣ карданд.                     Муовини раиси созмони мероси фарҳангии Эрон Ҳамиди Бақоӣ, инчунин дар базми таҷлили Наврӯзи шаҳрҳои бостонии Кӯлоб ва Хуҷанд ширкат намуда, бо оину суннатҳои истиқболи Наврӯзи Тоҷикистон, ки воқеан ватани Наврӯз аст, шинос шуд. Ҳамиди Бақоӣ баъди сафараш ба Тоҷикистон ба Тошканд рафт.

Март 27, 2009 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад