НАРХҲО БА ТАРЗИ ҒАЙРИТАБИИ БОЛО БУРДА МЕШАВАНД

Март 10, 2009 10:54

                 Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷумҳурӣ одат шудааст, ки нархи маҳсулоти дар тобистону тирамоҳ истеҳсолшуда, дар фаслҳои зимистону баҳор ба таври ғайритабии баланд бардошта мешаванд.Дар моҳи январ-феврали соли 2009 нархи молҳои озуқавории зерин қимат шудааст: бехпиёз аз 0,75 дирам (дар моҳи январи соли 2008) ба 2 сомонию 50 дирам, картошка аз 1 сомонию 20 дирам ба 1 сомонию 70 дирам, биринҷ аз 3,14 ба 5,97 ва 6,16, сабзӣ аз 0,75 ба 1,20, себ аз 1,80 ба 2, 50 -6 сомонӣ ба таври ғайритабии баланд бардошта шудааст ва назорати онро касе ба зимма гирифтан намехоҳад, далели озодии бозорро пеш меоранд.                 Нарх бояд аз рӯи меҳнати сарфшуда муйян карда шавад, на аз рӯи бозори озод,- мегӯянд коршиносон.

Март 10, 2009 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд