НАРХИ МОЛ ДАР ЧИН АРЗОН МЕШАВАД

Март 11, 2009 10:12

                  Пекин, 11 март (АМИТ «Ховар» — РБК). — Нархи молҳои истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баъди моҳи декабри соли 2002 аз моҳи феврали соли 2009 сар карда, бори аввал тадриҷан арзон мешавад. Дар ин муддат нархи молҳои истеъмолӣ то 1,6 фоиз паст гардид.                   Моҳи феврал нархи мол дар бозори истеъмолӣ 4,5 фоиз поён фуромад. Нархи молҳои саноатӣ дар ин мамлакат се моҳ боз муттасил паст мегардад. Дараҷаи беқурбшавии пул моҳи феврали соли 2008 — ум 8,7 фоизро ташкил дод, ки ин дар давоми 12 соли охир натиҷаи баландтарин мебошад.                   Вале дар давоми моҳҳои охир дар мамлакат коҳиши болоравии нарх дар заминаи суст гардидани сатҳи истеҳсоли мол ва умуман иқтисодиёт роҳбарияти мамлакатро ба ташвиши ҷиддӣ овард. Ҳукумат бо назардошти натиҷаҳои соли гузашта қарор дод, ки барои таъмини афзоиши истеҳсоли мол 590 миллиард доллари ИМА ҷудо кунад.

Март 11, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад