НАШЪАМАНДОН ДАР КӮЛОБ БА ТАШХИСИ ХУН ҶАЛБ МЕШАВАНД

Март 4, 2009 08:30

                       Кӯлоб, 4 март (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Ташкилоти ҷамъиятии «Судманд» дар Кӯлоб тибқи як барномаи нав нашъамандонро ба супоридани хун ҷалб менамояд. Роҳбари ин ташкилот Толибшоҳ Саидалиев мегӯяд, ки нашъамандон бо ихтиёри худ аз ташхиси махсуси тиббӣ намегузаранд. Бо анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ муваффақ шудаанд, то иддае аз чунин ҷавонон ба супоридани хун ризоият бидиҳанд. Бад ин тартиб ба гуфтаи ӯ, таи ду моҳи фаъолият аз миёни ҷавонони ташхисшуда ду нафаре пайдо шуд, ки мубтало ба бемории ВиЧ шудаанд.                      -«Ба хотири хубтар ба роҳ мондани кор мо барои нахустин бор дар ин самт ба низоми нави корӣ гузаштем, ки ҳатман нафари нашъаманд, ному ҷои истиқоматаш сабт мешавад, ҳарчанд, ки ин ба касе фош карда намешавад»-афзуд Толибшоҳ Саидалиев.                      Феълан, ба қавли масъулин дар минтақаи Кӯлоб беш аз 170 сироятёфтагони ВиЧ сабти ном шудаанд.  

Март 4, 2009 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид