НАШРИ МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ ЗАБОНШИНОСӢ БА МАНФИЯТИ ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МЕБОШАД
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Имрӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар хабар дод, ки ояндаи наздик маҷаллаи илмии забоншиносӣ нашр карда хоҳад шуд. Ба қавли Сарвари Давлат масъалаҳои забонро бе омӯзиши дақиқи илмӣ ва таҳқиқи давраҳои гуногуни таърихии он дар асоси осори хаттӣ наметавон дуруст ҳаллу фасл кард. Аз ин рӯ, барои таҳқиқи масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ, бахусус забони адабӣ ва меъёрҳои он, назария ва амалияи забон ва дар маҷмӯъ масоили марбут ба он имрӯз зарурати таъсиси як маҷаллаи илмии забоншиносӣ ба миён омадааст. Бо назардошти ин, чанде пеш дар хусуси таъсиси маҷаллаи илмии забоншиносӣ ба Вазорати молия ва Академияи илмҳо супориш дода будам ва чопи он ҳамин сол оғоз меёбад, гуфт Президенти ҷумҳурӣ. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки нашри ин маҷалла ба таҳким ва густариши забони давлатӣ, ки омили муҳими болоравии худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






