НЕРӮГОҲИ ХУРДИ БАРҚӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).- 28 март дар ҷамоати Тугаланги ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ нерӯгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода шуд, ки иқтидори он 3 МегаВатт аст. Нерӯгоҳи мазкур бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар заминаи нерӯгоҳи барқии кӯҳнашуда сохта шуд. Мувофиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурӣ Кумитаи гумрук ва Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» таҷҳизоти нерӯгоҳи кӯҳнаю фарсудашударо иваз карданд. Нерӯгоҳи пештара дар ин ҷо соли 1950 сохта шуда буд. Ҷамъияти саҳҳомии «Замина» онро бо дастгирии Ҳукумати мамлакат пурра таъмир кард. Дар маросими кушодашавии нерӯгоҳи хурди барқӣ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов, намояндагони Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва хабарнигорон иштирок карданд. Чи тавре, ки ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи ба кор даровардани нерӯгоҳи хурди барқӣ 32 ҳазор сокини деҳаҳои атроф ва ҳамаи мактабҳои миёнаи ҷамоати Тугаланг шабу рӯз бо қувваи барқ таъмин мешаванд. Тарчумон Иноятова З.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






