НИҲОЛШИНОНӢ ДАВОМ ДОРАД
Истаравшан, 3 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло) — Хоҷагиҳои ноҳияи Исфара муташаккилона ба маъракаи шинонидани ниҳолҳо оғоз карданд,- иброз дошт мудири шӯъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ Ҳ. Ахмадзода. Бо сабаби мусоид омадани обу ҳаво аллакай дар ноҳияи зикршуда беш аз 3000 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуданд. Дар ин кори хайр саҳми хоҷагиҳои ба номи Нуриддинов ва Мукаррамов калон аст. Рафти ниҳолшинонӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Чоркӯҳ», «Саховат», «Чилгазӣ» ва ба номи З. Ҳасанов вусъат меёбад. Пеш аз ҳама, ба барқарор кардани боғҳои кӯҳнашуда аҳамият дода мешавад. Гузашта аз ин бунёди боғҳои нав низ дар маркази таваҷҷӯҳи хоҷагиҳои кишоварзӣ қарор дорад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






