НИМ АСР ДАР ТАЛОШ БО ОБУ ЗАМИН

Март 2, 2009 09:41

                 Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод ). — «Доктори фахрӣ» — и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, «Корманди шоистаи Тоҷикистон», дорандаи ордени «Нишони фахрӣ», ҷоизадори Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ғолиб Тағоймуродов ним аср боз дар талош бо обу замини диёр баҳри рушди кишоварзӣ ва амнияти иқтисодии кишвараш бо деҳқону олиму роҳбарони чашмикордон ҳамнафасу ҳампаҳлӯст.                 Ӯ ба деҳқон бо чашми деҳқонӣ, ба олим бо тафаккури илмӣ, бо роҳбар бо санъати роҳбарӣ менигарад. Дилаш ба даштҳои сӯхта, заминҳои заҳкашида, хоки киштаҳои камҳосил чун оташи кӯра дар вуҷудаш аланга мезанад. Андешаҳояш ӯро ором намегузоранд, ҳамеша дар такопӯи пайдо кардани роҳи халосӣ аз ин норасоиҳо ба ҳамаи онҳое, ки аз обу замин бохабаранд, табодули назар менамояд. Ҳамаи ин андеша дар замири ӯ баъди дохил шудан ба факултаи гидромелироатсияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон соли 1959 маскан гирифт ва вуҷудашро лаҳзае тарк накардааст. Донишашро бо назарияҳои марксистӣ-ленинӣ пурра кардааст; назарияе, ки баъди ҳазорсолаҳо дар муддати 70 сол ба тоҷик хату савод дод, мардумро бо нону обу барқ таъмин кард, касе на парвои сармо дошту на ғами гармо, мактабу тибби бепул дошту таҳсили олии бепул, гарчӣ ин барои насли имрӯза бовар карда карданӣ нест, вале буд. Тоҷик на нонгадо буду на аз ватанаш ғариб, балки дигарон барои худ дар Тоҷикистон нон пайдо мекарданду кор меёфтанд ва Тоҷикистонро ватани худ медонистанд. Маҳз чунин ватандорию ватанхоҳӣ буд, ки садҳо олимону арбобони сиёсӣ дар ин давра рӯи кор омаданд, Ғолиб Тағоймуродов ҳам яке аз онҳост. Ӯ марди ботамкин, боандеша ва хеле солор аст. Бузургии ӯ дар хоксории ӯст. Бо таҳаммул сухан мегӯяд ва мешунавад. Сухани бомантиқро меписандад.                Ғолиб тамаллуқро намеписандад, касеро хушомад намезанад, ин гуна рафтор дар замони шӯрави писанди роҳбарон набуд. Ғолиб ҳам ба онҳо нописандона менигарист, аз ин рӯ тез тез вазифаҳояшро иваз мекарданд. Аммо ӯ аз иҷрои ҳар вазифаи ба зиммаш гузошта ба хубӣ мебаромад. Ӯ аз вазифаи муҳандиси сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак то ба мақоми сардори раёсати мелиоратсия ва заминсозии вазорати меваю сабзавоти кишвар ифои вазифа кардааст. Вазифаҳо ӯро боло набурданд, ӯ вазифаҳоро боло бурд, мансабро дар маснад шинонд.                 Тӯли ин солҳо дар даҳҳо конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои илмию истеҳсолӣ амсоли «Реҷаи об», «Эрозияи ирригатсионӣ», «Соҳилбандӣ», «биёбоншавӣ» ва даҳҳо мавзӯҳои дигар маърӯзаҳо намудааст.                 Ҳамзамон Ғолиб Тағоймуродов дар матбуоти даврии тоҷик ва берун аз он як силсила маҳолаҳои илмии хешро ба табъ расонидааст. Хизматҳои арзандаи мутахассиси варзидаи соҳаи мелиоративии мамлакат бо ифтихорномаи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ифтихорномаи вазорати ҳифзи табиати ҷумҳурӣ сарфарозномаи кумитаи гумруки Тоҷикистон қадр карда шудааст. Аз соли 1991 сардори раёсати мелиоратсия ва хоҷагии об ва муҳити зист (ҳоло идораи истифодаи замин) — вазорати кишоварзии Тоҷикистон аст. Боиси ифтихор ҳам ҳаст, ки дар 69 солагиаш мардумро тавассути наворҳои телевизионӣ ва дастгоҳи радиоӣ аз ҳаёти кишоварзону ақоиди созандаю ҷонофарини ҳамсӯҳбатонаш ошно месозад.                Месазад, ки дар рӯзи ҷашни зодрӯзаш гӯем:               Шасту нӯҳ рафтед, зиед боз шасту нӯҳ,               Чорпаҳлу марде ҳастед, ҳамчу кӯҳ.               Ғолибо! ғолиб набошад кас туро,               Боди умр гар рафт, побарҷост кӯҳ.       

Март 2, 2009 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад