НИСБАТИ СОЛИ ГУЗАШТА КИШТ ЗИЁД АСТ
Душанбе, 4 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, нақшаи кишти баҳорӣ дар соли 2009 ба 134 ҳазору 170 гектар расонида мешавад. То 2-юми марти соли ҷорӣ дар майдони 29 ҳазору 634 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Дар ин муддат дар майдони 13 ҳазору 888 гектар заминҳои обӣ кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) майдони 52 ҳазору 73 гектар заминҳои кишти тирамоҳиро бо ғизо таъмин намуданд. Кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон ба 38 ҳазору 211 гектар расонида шудааст, ки баробари 53,5 фоизи нақша мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






