ОҒОЗИ КИШТИ БАҲОРӢ ДАР БАДАХШОН
Хоруғ, 18 март. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Дар навоҳии Дарвозу Ванҷи ВМКБ киштукори баҳорӣ оғоз ёфта, дар навоҳии болооби рӯдхонаи Панҷ омодагӣ ба ин маърака идома дорад. Муовини аввали сардори раёсати кишоварзии ВМКБ Имомдод Фарҳодов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки навоҳии поёноби рӯдхонаи Панҷ 80 тонна тухмии хушсифатро, ки соли 2008 Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба вилоят ройгон дода буд, кишт менамоянд. Дар навоҳии болооби рӯдхонаи Панҷ 2285 тонна тухмии ғалла, 5102 тонна тухмии картошка барои кишт захира шудааст. «Гарчанде ки нисбат ба соли 2008 тухмии ғалла 342 тонна ва картошка 362 тонна зиёд бошад ҳам, ба хотири пурра кишт кардани замин боз 100 тонна тухмии ғалла ва 300 тонна тухми картошка лозим аст. Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ваъда додааст, ки то об шудани барф деҳқонони Бадахшон бо ин миқдор тухмӣ таъмин карда мешаванд», — тазаккур дод И. Фарҳодов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






