ОҒОЗИ СОХТМОНИ РОҲИ ОҲАНИ ДУШАНБЕ — ҚӮРҒОНТЕППА

Март 19, 2009 10:45

               Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа ширкат варзид, ки дар деҳаи Бостони ҷамоати Дӯстии ноҳияи Ваҳдат баргузор гардид. Сарвари давлат ҷараёни васли релсҳои нахустинро дар роҳи оҳан шахсан мушоҳида карда, ба шароити кори коргарон ва хусусиятҳои сохтмони роҳ мароқ зоҳир намуд.               Роҳи нави оҳан шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппаро ба ҳам мепайвандад ва дарозии он 125 километр мебошад. То имрӯз аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Қӯрғонтеппа бо роҳи оҳан танҳо ба воситаи қаламрави Ӯзбекистон рафтан мумкин буд, ки дарозии роҳи он 463 километрро ташкил медиҳад.

Март 19, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад