ОБРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА НАМЕКУНАНД

Март 12, 2009 10:13

                 Душанбе, 12 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дар шаҳри Қурғонтеппа ба давраи дуюми иҷрои лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) оид ба иншооти обтаъминкунии шаҳр ва барқарорсозии онҳо дар давраи солҳои 2008-2009 заминагузорӣ мешавад. Амалӣ шудани лоиҳа дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ суръат мегардад.                  Бояд тазаккур дод, ки то 1-уми январи соли 2009 шумораи аҳолӣ, ки Корхонаи фаръии давлатии байниноҳиявии обу канализатсияи шаҳри Қурғонтеппа ба онҳо хизмат мерасонад, ба 68 ҳазору 726 нафар расидааст, ки ин 57,3 фоизи аҳолиест, ки дар ҳудуди хизматрасонии корхона истиқомат доранд.                  Бино ба иттилои масъулини корхонаи мазкур, дар давоми солҳои 2005-2006 фаъолияти корхона ба ҳолати бӯҳронӣ расида буд.                  Дар шаҳр оби нӯшиданӣ намерасид, аҳолии хонаҳои баландошёна оби нӯшокиро аз масофаи 100-200 метр дастӣ мекашониданд, аз 144,4 км хатҳои интиқоли об 63 километраш дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.                  Дар давоми солҳои 2005-2008 бо истифода аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилоти ЮНИСЭФ 10 истгоҳҳои (стансия)-и насосии фишорбаландкунандаи оби нӯшокӣ дар хонаҳои баландошёна барқарор карда шуд.                 Аз ҳисоби маблағҳои Урбан Институти (ЮСАИД) ба маблағи 34 ҳазор сомонӣ дар хонаҳои баландошёна ҳисобкунакҳои оби нӯшокӣ васл карда шуд.                 Алҳол, истеҳсоли оби нӯшокӣ дар як шабонарӯз барои аҳолӣ 55 ҳазор метрии кубӣ буда, ба ҳар як нафар 800 литр дар як шабонарӯз рост меояд, ки аз меъёрҳои амалкунандаи мамлакатҳои тараққикардаи дунё ду маротиба зиёд аст ва аз рӯи тарифҳои амалкунанда, зиёд истифода кардани он, танҳо бар зарари худи обистеъмолкунандагон мебошад.

Март 12, 2009 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид