ОЗАРБОЙҶОН АЗ ҶИҲАТИ ПАҲН ГАРДИДАНИ БЕМОРИИ СИЛ ҶОЙИ АВВАЛРО И

Март 25, 2009 12:01

                       Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Одатан бемории силро бемории қашшоқону бенавоён мешуморанд, вале дар шароити имрӯза ҳар соат 55 сокини мамлакатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин беморӣ гирифтор мешавад. Бояд гуфт, ки дар давлатҳои собиқи шӯравӣ шаклҳои ба доруҳои муқаррарӣ тобовари ин беморӣ торафт бештар паҳн мегардад.                       Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 27 мамлакати ҷаҳонро муайян намуд, ки бемории сил дар онҳо бештар паҳн гардидааст. Аз рӯи маълумоти созмони мазкур 85 фоизи теъдоди умумии бемории сил дар мамлакатҳои Озарбойҷон, Молдавия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Украина паҳн гардидааст. Ин мамлакатҳо дар байни давлатҳои собиқи шӯравӣ аз ҷиҳати паҳн гардидани беморӣ панҷ ҷойи аввалинро ишғол менамоянд. Мувофиқи маълумоти намояндагии СММ дар Киев, Украина 46 миллиону 143 ҳазор нуфус дорад ва 11 фоизи аҳолии он гирифтори чунин бемории хавфнок гардидааст.                        Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 24 март Рӯзи ҷаҳонии мубориза ба муқобили бемории сил қайд карда мешавад. Тадбирҳои дар ин рӯз баргузоршуда одамонро аз хавфи умумибашарии беморӣ ва пурзӯр намудани тадбирҳои табобати он огоҳ менамоянд. Аз рӯи маълумоти СММ, дар саросари ҷаҳон дар давоми ҳар 20 сония аз бемории сил як нафар вафот мекунад. Дар мамлакатҳои қашшоқу бенаво миллионҳо одамон аз имконияти табобати беморӣ маҳруманд. Ба ақидаи коршиносони СММ, айни ҳол аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон гирифтори беморӣ мебошад. Сарони ҳукуматҳои Аврупо ду сол пеш барои пурзӯр намудани мубориза ба муқобили бемории сил эъломия қабул карда буданд. Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо соли 2008 ба иҷрои нақшаи табобати беморӣ шурӯъ намуд, ки пурзӯр намудани тадбирҳои табобати онро дар 18 мамлакат дар бар мегирад. Барои амалӣ сохтани он 14,8 миллиард доллар сарф карда мешавад.                   Аз рӯи маълумоти СММ дар Тоҷикистон ба ҳар сад ҳазор аҳолӣ 85,6 бемори сил рост меояд.

Март 25, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд