ПАРЛУМОНИ ӮЗБЕКИСТОН АҲДНОМА ДАР БОРАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИРО ТАСДИҚ КАРД

Март 13, 2009 15:52

                    Душанбе, 13 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова)- 12 март дар Тошканд палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон -Олӣ Маҷлиси Аҳдномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тасдиқ кард. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.                   Тасдиқи Аҳдномаи мазкур метавонад ба рушди тақвияти ҳамкории минбаъдаи ду кишвари дӯсту бародар-Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дорои робитаҳои неку ҳасанаи фарҳангию таърихианд, нақши муассир гузорад.  Аҳднома 7 сол муқаддам, аниқтараш 5 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Он асосҳои ҳуқуқии гузариши хати сарҳади давлатии ду кишвари дӯсту ҳамҷавор- Тоҷикистону Ӯзбекистонро муайян месозад.  Онро 25 феврали соли 2009 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон тасдиқ намуда буд.Аҳднома аз 9 модда ва се замима иборат буда, муқаддимаи он мақсад ва мароми ба имзо расонидани Аҳдномаро инъикос намудааст.                   Тасдиқи Аҳдномаи мазкур аз ҷониби парлумонҳои ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудии ҳар ду давлат нақши муассир мегузорад. Зеро ин санад дар асоси низом ва қонунҳои байналмилалӣ таҳия шуда, манфиатҳои миллию соҳибихтиёрии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистонро ҳимоя менамояд.

Март 13, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!