ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб 31 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов, Зебо Иноятова).-Шумораи гирифторони бемории сил дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48% кам гардид. Сардухтури маркази мубориза бар зидди касалиҳои сили шаҳри Кӯлоб Раҳматулло Ҷумъаев чунин гуфт: «Айни ҳол 190 беморони сил дар беморхона табобат мекунанд, ки 23-тои онро кӯдакон ташкил медиҳанд». Ба гуфтаи ӯ пайдоиш ва авҷ гирифтани ин беморӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, сатҳи пасти иқтисодии мардум ва хунук задани узви бадан мебошад, ки бештари беморон аз шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст. Мавриди зикр аст, ки баҳри пешгирӣ намудани ин бемории сироятӣ бо дастгирии барномаи «DOТS» таъмини доруворӣ ва таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол 70% мутахассисон дар беморхона фаъолият менамоянд. Барои муолиҷаи бемории сил мутахассисони ботаҷриба хело кам мебошад. Дар тӯли як соли сипаригардида аз ин беморӣ 9 нафар фавтидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






