«ПОМИР» БАДАХШОНРО БО ҲИСОБКУНАКҲОИ БАРҚӢ ТАЪМИН МЕНАМОЯД
Хоруғ, 18 март. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Ширкати энергетикии «Помир» ба хотири харидории ҳисобкунакҳои барқӣ 700 ҳазор доллари ИМА ҷудо намудааст. Дар ширкати мазкур иттилоъ доданд, ки соли 3-юм аст, ки дар шаҳри Хоруғ васл намудани ҳисобкунакҳо идома дорад. Дар он маҳаллаҳое, ки ҳисобкунакҳо шинонда шудаанд қатъшавии барқ 2 баробар кам шуд. Бояд гуфт, ки ҳисобкунакҳо дар саросари вилоят васл карда шуда, иваз намудани зерстансияҳои кӯҳна ва васл кардани зерстансияҳои нав низ идома меёбанд. Чунончӣ, ибтидои моҳи феврал дар ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон зерстансияи 150 кВт васл карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






