ПОСИ ХОТИРИ ОҲАНГСОЗ
Душанбе, 2 март, (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон барои поси хотири оҳангсози маъруф, ходими хизматнишондодаи санъати мамлакат Миратулло Атоев консерти ёдбуд баргузор гардид. Дар консерт танҳо асарҳои оҳангсоз Миратулло Атоев иҷро карда шуданд. Дар ҷамъомад ҳунарпешагони театри опера ва балет, ҳунарпешагони халқӣ ва шоистаи Тоҷикистон, шогирдону дӯстони М.Атоев ва донишҷӯён иштирок намуданд. Консерт ба муносибати рӯзи вафоти оҳангсоз гузаронида шуд. М.Атоев дар таърихи мусиқии халқи тоҷик мақоми сазовор дорад. Вай қариб дар ҳамаи жанрҳои мусиқӣ асарҳо таълиф намудааст. Ҳамаи асарҳои оҳангсоз ба хазинаи тиллоии мусиқии тоҷик дохил карда шудаанд. Имрӯз барномаҳои бисёр студияҳои телевизион ва радиои мамлакат бо оҳангҳои офаридаи Миратулло Атоев «Баҳор», «Ватан» ва «Тоҷикистон» шурӯъ мегарданд. Суруду оҳангҳои ӯ дар машғулиятҳои мактабҳои ҳунарӣ омӯхта мешаванд. Миратулло Атоев соли 1995 вафот карда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






