ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН БА ТУРКМАНИСТОН ИЗҲОРИ СИПОС НАМУД
Кобул, 12 март (АМИТ «Ховар» — ТРЕНД ). — Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай 11 март зимни мулоқоташ бо Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Туркманистон барои кӯмаку дастгириҳои доманадор ва ҳамешагиаш ба халқи афғон дар бобати таъмини ҳаёти осоиштаи мардум изҳори сипос намуд. Вай зикр кард, ки мардуми афғон аз бародарони туркмани худ сипосгузор буда, ба саҳми Туркманистони ҳамсоя дар бобати таъмини ҳаёти осоишта баҳои баланд медиҳанд. Президентҳои ҳар ду мамлакат зимни мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон мулоқот карданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Туркманистон баъзе вилоятҳои шимолии Афғонистонро бо қувваи барқ таъмин намуда, инчунин, ба Афғонистон барои сохтани хатҳои нави интиқоли қувваи барқ, роҳи оҳан ва корхонаю муассисаҳои иҷтимоӣ кӯмак мерасонад. Роҳбарияти Туркманистон ба сохтмони газопровод то Покистон ва Ҳиндустон умеди калон дорад, ки қисми зиёди он аз каламрави Афғонистон мегузарад. Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки ба туфайли сохтмони газопровод ҳазорон нафар афғонҳо бо кор таъмин карда мешаванд. Қ.Бердимуҳаммадов изҳор намуд, ки мамлакаташ дар оянда ҳам ба Афғонистон барои барқарор сохтани иқтисодиёт кӯмак хоҳад расонд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






