РӮЙХАТИ САРВАТМАНДОНИ ҶАҲОН
Вашингтон, 12 март (АМИТ «Ховар» — Ассошиэйтед Пресс ). — Маҷаллаи молиявию иқтисодии «Форбес» — и ИМА рӯйхати навбатии ҳарсолаи одамони сарватмандтарини ҷаҳонро чоп кард. Рӯйхати мазкур нисбат ба соли гузашта ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт. Вале дар он се ҷои аввалро шахсони сарватмандтарини порсола ишғол менамояд. Дар рӯйхат ҷои аввалро бунёдгузори ширкати «Микрософт» Билл Гейтс ишғол менамояд. Маблағи дороии ӯ 40 миллиард доллари ИМА мебошад. Дар ҷои дуюм раиси Шӯрои мудирони ширкати холдинги «Беркшир Хатвай» Уоррен Баффет қарор дорад, ки 37 миллиард доллар ҷамъ овардааст. Дар мақоми сеюм сарватманди мексикоӣ Карлос Салим Элу зикр гардидааст, ки маблағи дороии ӯ 35 миллиард доллар аст. Қобили қайд аст, ки ҳар сеи ин сарватмандон дар давоми сол дар натиҷаи бӯҳрони молиявӣ қариб 68 миллиард долларро аз даст доданд. Ҷои чоруми рӯйхатро раиси ширкати «Оракл» Лоуренц Элисон ишғол менамояд. Ҷойҳои минбаъдаро ташкилкунандаи шабакаи мағозаҳо дар Шветсия Ингвар Кампрад, роҳбари ширкати «Русал» Олег Дерипаска ва дигарон ишғол менамоянд. Бояд гуфт, ки О.Дерипаска соли гузашта дар рӯйхати сарватмандони ҷаҳон ҷои нуҳумро ишғол мекард, имсол вай дар ҷои 164 — ум қарор дорад. Қайд кардан лозим аст, ки қариб нисфи сарватмандони ҷаҳон (359 нафар) дар ИМА, 196 нафар дар Аврупо ва 130 нафари дигар дар мамлакатҳои Осиё зиндагӣ мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






