РӮЗНОМАНИГОРОНИ БЕҲТАРИН ҚАДР КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Раёсатҳои Вазорати фарҳанги ҶТ дар якҷоягӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои таҷлили бошукӯҳи Рӯзи матбуоти тоҷик омодагӣ мебинанд. Аз ҷумла, 11 март, бахшида ба иди матбуот дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад. Тавре дар Вазорати фарҳанг ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ҷамъомад намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вазири фарҳанги ҶТ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аҳли илму адаби ҷумҳурӣ даъват шудаанд. Бахшида ба ин рӯз намоиш ва фурӯши китоб ва нашрияҳои дигар ташкил карда мешавад. Дар доираи маҷлис собиқадорон ва пешқадамони матбуот бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳову мукофотҳо қадр карда мешаванд. Ҳамчунин, Иттифоқи журналистон озмунҳои ба номи А. Лоҳутӣ ва В. Асрориро ҷамъбаст намуда, ғолибони онро бо ҷоизаи эҷодӣ сарфароз хоҳад сохт. Дар хотима, барои иштирокчиён барномаи консертӣ пешкаш мегардад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






