«РОҒАК» — И ДАРВОЗ ТАВАССУТИ АФҒОНИСТОН ОБЁРӢ МЕГАРДАД

Март 27, 2009 11:24

                  Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар як нишасти ҳамкориҳои дуҷониба миёни мутахассисони Тоҷикистону Афғонистон, ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт, аз густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сухан рафт,- иттилоъ доданд аз идораи кишоварзии вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар».                  Ҳайати муштараке, ки аз ҳарду ҷониб ташкил ёфтааст, тасмим гирифтааст, ки дар ибтидо 50 гектар заминҳои дашти Роғаки ноҳияи Дарвозро, ки дар соҳили чапи дарёи Панҷ ҷойгир аст, бо истифода аз оби дарёчаи он сӯи марз обёрӣ намоянд.                  Ба иттилои мутахассисон, 21 мавзеи соҳили чапи дарёи Панҷ аз оби дарёҳои Афғонистон ва 27 дарёи Тоҷикистон дар обёрии заминҳои Афғонистон мавриди истифода қарор мегиранд.  

Март 27, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид