РОҲИ ҲАВОИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН КУШОДА ХОҲАД ШУД

Март 6, 2009 14:23

                     Душанбе, 6 март (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Аз дафтари матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар давоми рӯзҳои наздиктарин парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар дар байни Тоҷикистону Ӯзбекистон барқарор карда мешавад. Дар ин бора зимни гуфтушуниди роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии ҳар ду мамлакат паймон карда шуд, ки 4 март дар Тошканд баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистон дар ин гуфтушунид таҳти роҳбарии директори генералии «Тоҷик Эйр» Алимурод Маҳмадалиев ширкат варзид.                       Айни ҳол ҷузъиёти охирини масъала баррасӣ карда мешавад, умед аст, ки ҳавопаймоҳои аввалин дар байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд моҳи март парвоз мекунанд. Ёдовар мешавем, ки роҳи ҳавоии Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 баста шуда буд.

Март 6, 2009 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид