РОҲИ ОҲАНИ ДУШАНБЕ — ҚӮРҒОНТЕППА ТОҶИКИСТОНРО БО АФҒОНИ

Март 19, 2009 15:38

                 Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Сармуҳандиси вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ Юрий Юлдошев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки барои сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа 129 миллион доллари ИМА сарф карда мешавад. Ҳадафи асосии сохтмони роҳ бо маркази вилояти Хатлон пайваст намудани пойтахти мамлакат мебошад.                Дар шароити имрӯза аз Душанбе бо роҳи оҳан ба шаҳри Қӯрғонтеппа танҳо ба воситаи қаламрави Ӯзбекистон рафтан мумкин аст, ки дарозии он бештар аз 460 километр мебошад. Дарозии роҳи нави оҳан ҳамагӣ 125 километр хоҳад буд.                Ю.Юлдошев афзуд, ки роҳи мазкур имкон медиҳад дар оянда аз Қӯрғонтеппа ба воситаи Колхозобод то Панҷи поён ва Афғонистон роҳи оҳан сохта шавад.                 Тавре хабар дода шуда буд, дар маросими оғози сохтмони роҳ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид. Вай изҳор намуд, ки хароҷоти сохтмони роҳ дар давоми даҳ сол бароварда мешавад. Сарвари давлат сокинони маҳаллиро даъват намуд, ки ҳар порчаи заминро оқилонаю самарабахш истифода бурда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд кунанд ва бо ҳамин таъсири манфии бӯҳрони молиявиро то ҳадди имкон кам намоянд.                 Зимни мулоқоти сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон яке аз соҳибкорони маҳаллӣ Сафарбек Назаров ваъда дод, ки дар сохтмони Маркази барқу гармидиҳии иқтидораш 50 мегаватт саҳм мегузорад. Вай изҳор намуд, ки дар назди маркази барқу гармидиҳӣ корхонаҳои истеҳсоли бензини синтетикӣ ва сӯзишвории дизелӣ хоҳад сохт. Барои сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ ва корхонаҳои дигар 65 миллион евро сарф мешавад.  С.Назаров изҳор намуд, ки корхонаҳои мазкурро дар давоми ду сол сохта, дар арафаи 20 — солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ ба истифода хоҳад дод.

Март 19, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд