РУШДИ СОҲАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Хуҷанд, 31 март. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- 28 март дар Хуҷанд иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони мардумии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он ҳамроҳи вакилони мардумӣ раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ иштирок доштанд. Дар иҷлосия масъалаи рафти иҷрои барномаи давлатии мақсадноки рушди соҳаи боғу токпарварӣ муҳокима шуд. Қайд гардид, ки дар чаҳорчӯбаи барнома дар вилоят 4279 гектар боғу токзори нав бунёд карда, 1225 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шуд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки соли равон дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи миллӣ» дар масоҳати бештар аз 390 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд. Тибқи барнома дар вилоят 4,2 миллион бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонда шуд. Соли 2008 дар вилояти Суғд зиёда аз 100 ҳазор тонна сабзавоту мева ҷамъ оварда, 85 ҳазор тоннаи он ба мамлакатҳои дигар фиристода шуд. Аз ҳисоби фурӯши сабзавоту мева 30, 4 миллион доллари ИМА ба даст омад. Инчунин, дар вилоят зиёда аз 66 миллион банкаи шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол карда шуд. Солҳои охир дар вилоят бори аввал дар фасли зимистон қариб 16 ҳазор тонна помидору бодиринг парвариш карда шуд.Раиси вилоят изҳор намуд, ки бо вуҷуди ин дар соҳаи боғу токпарварӣ камбудиҳо зиёданд. Масалан, ҳосилнокии боғҳои хусусӣ 60 сентнер ва боғҳои ҷамъиятӣ 16 сентнерро ташкил медиҳад. Зичии дарахтон низ ба талаботи агротехникӣ мувофиқат намекунад. Мо бояд аз имкониятҳои маҳаллӣ истифода бурда, ҳаҷми содироти меваю сабзавотро афзунтар созем. Танҳо бо ҳамин роҳ таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ камтар ва шароити зиндагии мардум беҳтар карда мешавад, гуфт раиси вилоят.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






