СӮХТОР ДАР БОЗОР
Кӯлоб, 10 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бар асари як сӯхтор шоми 6-уми марти соли равон 19-дукони фурӯши хӯрокворӣ ва як ошхонаи назди бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб сӯхта нобуд гардид. Аз рӯи гуфт ин ҳодиса соати яки ҳамон шаб рӯх додааст. Ҳарчанд хадамоти оташнишонӣ аз ин ҳодиса зуд бохабар шуда бошад ҳам, аммо аз сабаби набудани роҳи даромад ба дохили бозор имкони ба зудӣ хомӯш кардани оташ муяссар нагаштааст. Масъулин ба зудӣ хомӯш нагаштани оташро аз набудани роҳ дар дохили бозор маънидод намуданд. Ҳарчанд дуконҳои сӯхташуда хусусӣ бошад, ҳам дар шафати бозор қарор доранд. Мавриди зикр аст, ки қаблан идораи сухторхомӯшкунии шаҳр аз он, ки бозор ба талаботи сухторхомӯшкунӣ ҷавобгӯ нест изҳори нигаронӣ намуда буд. Ҳатто идораи оташнишонӣ соли сипаригардида ба собиқ директори бозор Ҷумъа Алиев ба суди шаҳри Кӯлоб шикоят намуда буд. Суди шаҳри Кӯлоб нисбати бемасъулиятии Ҷумъа Алиев ҷарима ситонд. Ҳанӯз камбудҳои бозор ислоҳ нагаштаанд. Баъди тафтишоти кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб маълум гашт, ки сӯхтор дар натиҷаи истифодаи беэҳтиёти шамъ ба амал омадааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






