СӮХТОР ДАР ХУҶАНД

Март 30, 2009 15:44

                   Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).- 27 март дар хонаи сокини 36 -солаи ш. Хуҷанд Бурҳон Ғиёсов сӯхтор ба амал омад, ки масоҳати 100 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа пешайвон ва мошини сабукрави тамғаи «Ford-Mustang» сӯхта нобуд шуд. Дар автомашинаи сӯхташуда писарчаи 3-солаи Бурҳон- Маҳмадалӣ буд, ки дар натиҷаи сӯхтани автомашина ҳалок шуд.                  Худи соҳиби хона маҷрӯҳ шуд ва дар беморхона бистарӣ гардид. Барои хомӯш кардани сӯхтор мошинҳои сӯхторхомӯшкунии шӯъбаи 23,24-уми ш. Хуҷанд равона карда шуданд. Дар натиҷаи шамоли сахт оташ хонаи ҳамсояи Б. Ғиёсов- Саодат Раҳмоноваи 33 -соларо низ фаро гирифт. Дар ин ҳавлӣ низ иморатҳои аз чӯб сохташуда оташ гирифтанд.                  Инчунин, бар асари сӯхтори мазкур хонаи ҳамсояи дигари Б. Ғиёсов- Б. Султоноваи 56- сола оташ гирифт. Дар ин ҷо масоҳати 70 метри мураббаъ манзил ва микроавтобуси РАФ сӯхта нобуд шуд. Кормандони гурӯҳи зудамали ШКД ш. Хуҷанд ва роҳбарияти Раёсати сӯхторхомӯшкунии шаҳр ба ҷои воқеа омаданд. Масоҳати умумии сӯхтор 220 метри мураббаъро ташкил дод, заррари моддии он 25 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд.                   Аз раёсати сӯхторхомӯшкунии ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барои тафтиши ин воқеа гурӯҳи тафтишотӣ ташкил карда шуд. Дар натиҷаи тафтиш гунаҳкори сар задании сӯхтор муайян карда мешавад.                                                                                                       Тарчумаи Иноятова З.

Март 30, 2009 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд