С.САМАРАН: «МО БО АМРИКОИЁН ШАРИК НЕСТЕМ»
Душанбе, 11 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндаи низомии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон Стефан Самаран дар ҷавоби саволи хабарнигорон зикр намуд, ки низомиёни мамлакаташ дар масъалаи ҳамлу нақли транзитии молҳои ғайринизомӣ ба Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон бо амрикоиён ҳамкорӣ намекунанд. Мо дар ин бобат бо онҳо шарик нестем, гуфт С.Самаран. Вай қайд кард, ки ИМА дар ин масъала мустақилона амал хоҳад кард. Зеро ин мамлакат низоми махсуси корҳои худро дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки қисмҳои маҳдуди қувваҳои ҳарбии ҳавоии Фаронса соли 2001 дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе ҷой дода шуда буданд. Вазифаи онҳо ба Афғонистон фиристодани кӯмакҳо ва молҳои хайрия мебошад. Шумораи низомиёни Фаронса дар Душанбе айни ҳол 170 нафарро ташкил медиҳад. С.Самаран афзуд, ки фасли тобистон шумораи онҳо то 230 нафар мерасад. Як қисми низомиёни Фаронса барои тармими хати парвозу нишасти ҳавопаймоҳо ба Душанбе фиристода мешаванд, гуфт вай. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






