САҲМИ БУЗУРГИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШИНОХТИ ИМОМИ АЪЗАМ

Март 10, 2009 16:20

                 Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 11 март бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ дар мавзӯи «Аҳамияти асарҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти воқеии осор ва афкори Имоми Аъзам» конфронси илмӣ баргузор мегардад. Дар он намояндагони Вазорати фарҳанги ҶТ , Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва аҳли илму адаби ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.                 Дар конфронс сухан дар бораи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арҷгузорӣ ба олим ва мутафаккири бузург Имоми Аъзам , аҳамияти эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар шинохти воқеии осор ва афкори ӯ ва тақвияти худшиносии миллӣ, аҳамияти афкори Имоми Аъзам дар гуфтугӯи тамаддунҳо ва таҳқиқи масоили зиндагинома ва осори Имоми Аъзам дар асарҳои Эмомалӣ Раҳмон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.                Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур намоиши китобҳо таҳти унвони «Сарчашмаҳо доир ба зиндагӣ, осор ва фаъолияти илмии Имоми Аъзам» ташкил карда хоҳад шуд.  

Март 10, 2009 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд